Ноҳияи Рӯшон 80 – сола мешавад
Хоруғ, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Раиси ноҳияи Рӯшон Қобиламоҳ Ғуломшоева қарорро дар бораи таҷлили 80 – солагии таъсиси ноҳия ба тасвиб расонид. Тибқи он ҷашнгирии ин санаи таърихӣ 9 сентябр, дар рӯзи 21 – солагии Истиқлолиятии давлатии Тоҷикистон, пешбинӣ шудааст.Ноҳияи Рӯшон 27 октябри соли 1932 дар асоси Қарори Кумитаи иҷроияи марказии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сусёлистии Тоҷикистон таъсис ёфта буд. 15 сентябри соли 1953 дар асоси Фармони Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сусёлистии Тоҷикистон ноҳияи Бартанг барҳам дода ва ҷамоатҳои деҳоти ҳудуди он ба ноҳияи Рӯшон дохил карда шуданд.Имсол ба таъсисёбии ноҳияҳои Шуғнон, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ ҳам 80 сол пур мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






