Оқил Оқилов : «Корҳои геологиро дар Шоҳамбарии ғарбӣ оғоз намоед»

Февраль 7, 2012 16:34

Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо ҳайати намояндагони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Газпром»-и Русия бо сарварии аъзои Шӯрои ҷамъият Всеволод Черепанов ва директори идоракунандаи «Газпром интрнатсионал» Валерий Гулев мулоқот кард. Дар вохӯрӣ масоили марбут ба ҷараёни корҳо ва рафти татбиқи лоиҳаи муштараки Тоҷикистон ва ҶСК «Газпром» мавриди муҳокима қарор дода шуд.Хотиррасон бояд кард, ки дар айни ҳол аз ҷониби ҶСК «Газпром» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои пармакунии чоҳҳо дар майдони ояндадори нафту гази «Сариқамиш» анҷом дода мешаванд. Тавре ки таъкид шуд, ҷараёни корҳои пармакунӣ дар чоҳҳои майдони ояндадори нафту гази «Сариқамиш» мувофиқи мақсад ба роҳ монда шуда, тибқи нақша дар соли равон ба анҷом расонида хоҳад шуд. Оқил Оқилов аз ҳайати намояндагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Газпром» даъват ба амал овард, ки ҷараёни корҳои пармакуниро дар майдони ояндадори нафту гази «Сариқамиш» вусъат бахшида, ҳарчи зудтар ба анҷом додани корҳои геологию ҷустуҷӯӣ дар майдони ояндадори нафту гази Шоҳамбарии ғарбӣ шурӯъ намоянд. Ҳайати намояндагони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Газпром» изҳор доштанд, ки барои иҷрои таклифу пешниҳодоти аз ҷониби Тоҷикистон ба миён гузошта шуда тадбирҳои зарурӣ андешида, дар оянда доираи ҳамкориҳои дуҷонибаро бо Тоҷикистон густариш хоҳанд бахшид.

Февраль 7, 2012 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд