Олимпиадаи фаннии вилоятӣ
Кӯлоб, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Ф.Мадаминов). – Мактаббачагони шаҳри Кӯлоб дар олимпиадаи вилоятӣ, ки дар шаҳри Норак, ноҳияи Данғара ва шаҳри Қӯрғонтеппа гузашт, ширкат варзиданд. Олимпиада дар ду марҳила доир гардид. Марҳилаи аввал дар шаҳри Норак ва ноҳияи Данғара бо иштироки хонандагони синфҳои 9 – 10 ва марҳилаи дуюм бо иштироки хонандагони синфҳои 11 дар маркази вилоят шаҳри Қӯрғонтеппа барпо шуд.Дар марҳилаи дуюм 12 нафар хонандаи синфи 11 ширкат намуданд. Онҳо соҳиби ҷойҳои намоён гардида, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






