Омодагӣ ба ҷашни Наврӯз
Хоруғ, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба манзури дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни ҷаҳонии Наврӯз нақшаи чорабиниҳоро тарҳрезӣ намудааст, ки тибқи он анҷом додани корҳои зиёди ободонӣ, роҳандозӣ намудани чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ ва варзишӣ пешбинӣ шудааст.Аз ҷумла, дар доираи омодагӣ ба ҷашни Наврӯзи Аҷам намоиши ҳунарҳои бадеии мардумӣ, тамомҳои миллии наврӯзӣ, либосҳои миллӣ, доир намудани озмунҳои «Маликаи наврӯзӣ», «Фалак ва суруду таронаҳои наврӯзӣ», «Гули Наврӯз», ҳамчунин ташкили бозиҳои гуногуни миллии наврӯзӣ, конфронсу маҳфилҳо бахшида ба иди Наврӯз, ташкили хатнатӯйи хайриявии фарзандони оилаҳои камбизоат, тӯйҳои хайриявии арӯсу домод, доир намудани ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзии навоҳӣ дар шаҳри Хоруғ пешбинӣ шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






