Омодагии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқоти ҷаҳон

Февраль 15, 2012 11:15

Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол тайёриро таҳти роҳбарии мураббиҳо Камол Алиспахич, Мубин Эргашев ва Аслиддин Ҳабибуллоев ба вохӯрии интихобии мусобиқоти ҷаҳон бо дастаи Ҷумҳурии Мардумии Демократии Куриё, ки 27 феврал дар Туркия баргузор мешавад, давом медиҳад. Тавре намояндаи матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон Фаридун Солиев аз Туркия ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ҷадвали бозиҳои санҷишии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Туркия маълум гардид.15 феврал дастаи Тоҷикистон бо клуби лигаи олии Ӯзбекистон «Шуртан» ва 18 феврал бо қаҳрамони дукаратаи Руминия клуби «Клуж» вомехӯрад.21 феврал дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Туркия боз як вохӯрии санҷишӣ мегузаронад.

Февраль 15, 2012 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад