Ошкорнамоии 87 ҷиноят дар як моҳ
Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар моҳи январи соли 2012 дар саросари ҷумҳурӣ 384 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳи январи соли 2011 20, 4 фоиз камтар аст,- иброз доштанд дар Агентии омори назди Президенти ҶТ ба мухбириАМИТ «Ховар».Тибқи маълумот дар моҳи январ бақайдгирии ҳодисаҳои ҳуҷуми роҳзанона 60 фоиз, бадқасдона маъюбу маслуқ кардан 40 фоиз, қаллобӣ — 39,3, порахӯрӣ — 21,4, куштори бадқасдона ва сӯиқасд ба куштор – 16,7, дуздӣ- 14,4 фоиз кам шудааст. Зимнан ҳодисаҳои дуздӣ дар хонаҳо 47 фоиз зиёд шудааст. Мутаассифона, ҳанӯз як қисми ҷинояткорон ислоҳ нашудаанд. Дар моҳи январи соли 2012 180 ҷинояти иқтисодӣ ба қайд гирифта шудааст, ки мақомоти корҳои дохилӣ 87 – тои онро ошкор намуда, нисбат ба 78 ҷинояткор парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






