Озмун барои журналистони ҷавон
Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Эҳсони Абдулло).-Рўзи 22 феврал дар факултети журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон даври дуюми озмуни журналистони ҷавон миёни донишҷӯёни болаёқат баргузор мегардад. Ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи донишҷӯён мебошад. Дар даври аввали озмун 70 нафар донишҷӯй аз донишгоҳҳои кишвар иштирок намуда, 15 нафарашон ғолиб омада, ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Ғолибони даври дуюмро тӯҳфаҳои арзанда интизор аст. Ғолиби ҷойи аввал соҳиби 600 сомонӣ, ҷойи дуюм 400 сомонӣ ва ғолиби ҷойи сеюм соҳиби 200 сомонӣ мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






