Парлумон боз як қонуни навро қабул хоҳад кард
Душанбе, 21 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» 21 феврал дар муҳокимаи парлумонӣ дар палатаи поёнии парлумони мамлакат баррасӣ шуд. Зикр гардид, ки лоиҳаи қонун бо мақсади истифодаи самараноки сарчашмаҳои дохилӣ, яъне пасандозҳои мардум дар рушди иқтисодиёти мамлакат ва дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 баён намуда буд, таҳия шудааст. Исмоил Талбаков, муаллифи лоиҳаи қонуни зикршуда гуфт, ки таҳияи лоиҳаи ин қонун пеш аз ҳама ба дигаргуниҳое, ки дар иқтисоди миллии кишвар дар соҳаи истифодаи манбаъҳои иловагии молиявӣ ва пасандозҳои аҳолӣ ба миён омадаанд, рабт дорад.Таъкид гардид, ки дар зарфи 10 соли охир пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзӣ беш аз 32 баробар зиёд гардида, дар соли 2010 3,3 миллиард сомониро ташкил додаанд ва 13,1 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро таъмин менамоянд. Қариб нисфи ин маблағро пасандозҳои аҳолӣ ташкил медиҳанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки имконияти молиявии ташкилотҳои қарзии ватанӣ хеле беҳтар мегарданд. Боиси қаноатмандист, ки дар моҳҳои аввали соли ҷорӣ маблағи пасандозҳо ба 3,7 миллиард сомонӣ расидааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 зиёд аст. Зимни муҳокимаи лоиҳаи қонуни мазкур вакилон ва намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат ҷиҳати мукаммал гардидани он ибрози назар намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






