Парлумон лоиҳаи қонуни навро баррасӣ кард
Душанбе, 28 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Парлумони Тоҷикистон ояндаи наздик лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ»-ро баррасӣ ва қабул хоҳад кард. Лоиҳаи қонуни мазкур 28 феврал дар муҳокимаи парлумонӣ, ки дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ бургузор шуд, баррасӣ гардид. Марҳабо Ҷабборова, раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагон зимни баррасии лоиҳаи қонун гуфт, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф, ки яке аз бахшҳои муҳими ҷомеа аст, диққати махсус дода, дар ин самт тадбирҳои саривақтӣ меандешад. Лоиҳаи ин қонун сиёсати давлат ва муносибати ҷамъиятро дар мавриди таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ ба танзим дароварда, мавқеи ҳукумати мамлакатро дар самти татбиқи ислоҳоти бахши маорифи кишвар мушаххас менамояд. Инчунин, он заминаҳои меъёрию ҳуқуқиро дар соҳаи маорифи мамлакат мукаммал менамояд. Он бахусус дар бахши муассисаҳои томактабӣ, ки аз заминаҳои асосии ба камол расонидан ва омода намудани мутахассисони дорои таҷрибаи калонанд, мусоидат менамояд. Тоҷинисо Маҳмадова, муовини вазири маорифи ҷумҳурӣ бар он назар аст, ки баррасӣ ва қабули лоиҳаи қонун ба бахши маорифи ҷумҳурӣ такони бузург хоҳад бахшид. Дар муҳокимаи парлумонӣ ҳамзамон Ирина Каримова, Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Лайлӣ Моширӣ, роҳбари намояндагии Бунёди атфоли СММ дар Тоҷикистон /ЮНИСЕФ/ ва дигар вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат роҷеъ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» пешниҳодҳои ҷолиб ироа намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






