Пешгӯиҳои дурусти муассисаи обуҳавосанҷӣ
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давоми якуним моҳи соли 2012 тамоми маълумоти Муассисаи давлатии обуҳавошиносии кишвар 95-97 фоиз дуруст баромад,- хабар доданд аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Тоҷикистон яке аз 8 кишвари пилотии Барномаи мутобиқгардонӣ ба тағйирёбии иқлим дониста шудааст.Бояд ёдовар шуд, ки дар соли 2011 365 пешгӯии шабонарӯзии обу ҳаво тартиб дода шуда, 36 огоҳӣ аз зуҳуроти хатарноки гидрометеорологӣ мушоҳида шуда буд. Соли 2011 ҳамчунин 9 ҳолати фаромадани тарма пешгӯӣ шуд, ки давомнокии умумии онҳо 39 рӯзро ташкил намуд. Соли сипаришуда 245 пешгӯии якуним шабонарӯзӣ, 36 бюллетени гидрологӣ, 30 бюллетени агрометеорологӣ, 12 пешгӯии моҳонаи обу ҳаво ва 4 пешгӯии сарфи оби дарёҳо дар давраи обхезӣ ба самъи сокинони ҷумҳурӣ ва идораҳои марбута расонида шуд, ки дуруст баромаданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






