Пешгирии ҳодисаҳои номатлуб дар вилояти Суғд
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Муовини раиси вилояти Суғд Мавҷуда Бобоева дар шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла Ғончӣ, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Спитамен, Ашт ва Қайроққум дар мавзӯъҳои «Истиқлолият ва адолати иҷтимоӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» машварати корӣ баргузор намуд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки чорабинии мазкур бо мақсади фаъолнокии ҷомеа, бахусус занон ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни занон, ҷавонону наврасон ва баҳри боз ҳам баланд бардоштани кори таълиму тарбия ба роҳ монда шудааст. Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин машваратҳои корӣ дар дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ дар назар аст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






