Понздаҳ мақола дар як сол?
Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Пажӯҳишгоҳи зироаткорӣ ҷилди шашуми китоби маҷмӯи мақолаҳои олимону мутахассисон доир ба «Масъалаҳои муҳим ва дурнамои рушди соҳаи кишоварзӣ»-ро, ки аз 44 мақолаи илмӣ иборат мебошад, аз чоп баровард. Боис ба ёдоварист, ки дар соли 2011 аз тарафи олимони пажӯҳишгоҳи мазкур як рисолаи «Оид ба технологияи парвариши зироатҳои лӯбиёгӣ дар Тоҷикистон», «Тавсиянома доир ба технологияи парвариши навъи пахтаи миёнанахи «зарнигор», «Тавсиянома доир ба парвариши арзан дар Тоҷикистон» ва «Дастуруламал доир ба усулҳои муайян намудани энергияи ғунҷоиши амалҳои технологӣ дар растанипарварӣ» таҳия ва ба чоп омода карда шудааст.Олимони ин муассисаи илмю тадқиқотӣ ҳамчунин ба «Гузоришҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон» ва маводи чопии дигар муассисаҳои илмӣ зиёда аз 15 мақолаҳои илмӣ навиштаанд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






