«Порт Саид» ва «Вастан»-ро тахриб мекунанд, «Ораш»-ро ҳам?
Душанбе, 22 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар робита ба татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар қисмати роҳҳои протоколии ҳалқаи якуми шаҳр- кӯчаи С.Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ дар навбати аввал биноҳои 1-3- ошёна, ки хонаҳои истиқоматианд, дар кӯчаи Айнӣ бартараф карда мешаванд. Ба рӯйхати биноҳое, ки дар кӯчаи Айнӣ тахриб мегарданд, хонаҳои истиқоматии № 42, 54, 58, инчунин як бинои маъмурӣ дар маҳали Айнӣ, 60, мағозаи «Кристалл», қаҳвахонаи «Алишер», филиали «Агроинвестбонк», мағоза, ошхона, сартарошхона ва дигар биноҳое, ки дар суроғаҳои Айнӣ № 32, 34, 40 ва 64 воқеъанд, шомил мебошанд. Дар хиёбони Рӯдакӣ биноҳои истиқоматии №77, 79, 102, 103, 105, 108, 110, 124, 126, 128, 130, 132, 134, 136, инчунин дар суроғаҳои Рӯдакӣ, 84 Марказҳои фароғатию дилхушии «Вастан», «Ораш», дар маҳали Рӯдакӣ, 114 қаҳвахонаи «Порт Саид», ҳамзамон биноҳои идории № 11/1, 32, 33а, 37а, ки мағозаҳои «Шоҳона», гулфурӯшӣ, филиали «Тоҷпромбонк», қаҳвахона ва мағозаи ҷавоҳирот «Ақиқа» воқеъанд, тахриб карда мешаванд. Дар кӯчаи Карамов, 3 як бинои маъмурӣ низ аз байн бардошта мешавад. Дар маҳали биноҳои тахрибшуда, дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва нақшаи тарҳрезии маҳал маҷмаи иншооту биноҳои баландошёнаи 9-12 ва 11-16-ошёнаи истиқоматию маъмурӣ бунёд карда мешаванд. Мавриди зикр аст, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси шаҳри Душанбе борҳо дар ҷаласаҳои шаҳрдорӣ ва мулоқот бо соҳибмулкон гуфтааст, ки зимни аз байн бардоштани биноҳои истиқоматӣ ва идорию хизматрасонӣ ҳуқуқҳои соҳибмулкон поймол намегарданд, балки дар доираи санаду меъёрҳои ҳуқуқии қонугузории кишвар ҳифз карда мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






