Раиси шаҳр лоиҳаро ҷонибдорӣ накард
Душанбе, 10 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масоили нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва тарифҳои ҳамлу нақли мусофирон дар шаҳр дар ҷаласаи ихтисосӣ, ки дар ҳузури Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе баррасӣ шуд. Шавкат Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа масъулини идораҳои соҳавӣ, вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат аз пойтахт, олимони бахши нақлиёт, сохторҳои марбутаи шаҳрӣ, ҷамъиятҳои марбут ба мусофиркашонӣ дар шаҳр ширкат доштанд. Раиси шаҳр лоиҳаи тарифҳои нави ҳамлу нақли мусофирон дар пойтахтро, ки аз ҷониби сохторҳои шаҳрӣ дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва комиссияи ҷамъиятӣ таҳия гардидааст, баррасӣ намуд. Мавсуф бо сабаби мутобиқат накардани лоиҳаи мазкур ба таъмини ҳифзи иҷтимоии табақаҳои алоҳидаи шаҳр онро ҷонибдорӣ накард ва барои таҳияи дубора бозгардонд. Муқаррар шуд, ки дар тӯли ду ҳафта масъулин лоиҳаро бо ҷалби мутахассисони Пажӯҳишгоҳҳои марбута мукаммал созанд ва унвонии Раиси шаҳр ирсол намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






