Раиси шаҳр моҳияти масъаларо ба соҳибмулкон фаҳмонд
Душанбе, 20 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар қисмати роҳҳои протоколии ҳалқаи якуми шаҳр- кӯчаи С.Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ аз масъалаҳои умдаи ҷаласаи шаҳрдорӣ буд, ки 20 феврал таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид. Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбат ба корҳои анҷомёфтаи фаҳмондадиҳӣ бо соҳибмулкон, ки аз тарафи сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ ҷараён гирифт, изҳори қаноатмандӣ намуд. Мавсуф бори дигар бо кулли соҳибмулкон дар бобати моҳият ва зарурати тарҳрезии амали мазкур сӯҳбат карда афзуд, ки зимни татбиқи Нақшаи генералии шаҳр ҳуқуқҳои соҳибмулкон поймол нахоҳанд гашт. Раиси шаҳр таъкид кард, ки соҳибмулкон имкон доранд аз ҳисоби маблағҳои худӣ ё ҷалби сармоягузорони интихобкардаашон бунёди иншоотеро, ки тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар минтақаҳои мавриди таваҷҷӯҳ беш аз нӯҳ ошёна пешбинӣ гардидаанд, дар асоси лоиҳаҳои бо шаҳрдорӣ ба мувофиқарасида амалӣ созанд. Зикр шуд, ки дар сурати надоштани имконияти молиявӣ ё худ дар заминаи иншооти мавҷудаашон бо бартарафсозии онҳо пешбинӣ гардидани мавзеъҳои кабудизоркунию ободонӣ ҳар кадоме ҳуқуқ доранд, ки мутобиқ ба муқаррароти қонунгузории амалкунанда бар ивази иншооташон арзиши бозории онро аз ҳисоби фармоишгар ҷуброн гиранд, ё дар асоси шартномаи тарафайн миёни фармоишгар ва соҳибмулк аз ҳисоби иншооти бунёдшаванда минбаъд иншоот ё хонаи бартарафгардидаашонро баробар ба масоҳати мавҷуда дастрас намоянд. Маҳмадсаид Убайдуллоев бо соҳибмулкон лоиҳаҳои иншооти таҷдидшавандаро аз назар гузаронида, ба масъулини шаҳрдорӣ ва роҳбарони субъектҳои лоиҳакашӣ дастур дод, ки бо инобати таклифҳои соҳибмулкон лоиҳаҳоеро, ки тибқи Нақшаи генералии шаҳр дар минтақаи мазкур бунёд мешаванд, дар Шӯрои шаҳрсозӣ мавриди баррасӣ қарор диҳанд ва онро барои тасдиқ ба унвони Раиси шаҳр пешниҳод намоянд, то навсозии иншооти мазкур на дертар аз моҳи сентябри соли 2013 бо риояи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ба итмом расад.Назар ба иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласа масъулини сохторҳои лоиҳакашӣ, сохтмонию меъмории шаҳр низ ширкат доштанд.








Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд






