Рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Сингапур
Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Дар Тоҷикистон фазои мусоиди сармоягузорӣ муҳайё гардида, ҷумҳурии мо ҷиҳати сармоягузорӣ дар самтҳои афзалиятноки иқтисод як қатор имтиёзҳо пешбинӣ намудааст», — иброз намуд дар ҷараёни вохӯрӣ муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Умед Давлатзод бо директор доир ба менеҷменти ширкати сармоягузории FIF Technologies LLP- и Ҷумҳурии Сингапур Гари Чан. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ доданд, ки дар рафти мулоқот ҷонибҳо атрофи рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, низоми бонкӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ, илму маориф, истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар ва содироти он ба хориҷ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






