Сӯҳбати Ҳамрохон Зарифӣ бо Ҳошим Толиб Маъруф

Февраль 16, 2012 15:06

Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ ва директори Намояндагии минтақавии Бонки Исломии Тавсеа дар шаҳри Алмаато Ҳошим Толиб Маъруф масъалаҳои ташкили Конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон, ҳамчунин иштироки ҳайати Бонки Исломии Тавсеа дар онро мавриди муҳокима қарор доданд.Ҷонибҳо дар ҷараёни сӯҳбат иштироки Бонки Исломии Тавсеа дар рушду густариши бахши бонкӣ, аз ҷумла бахши соҳибкории хурду миёнаро баррасӣ намуданд. Хотирнишон месозем, ки Тоҷикистон соли 1996 ба Бонки Исломии Тавсеа ҳамроҳ шуда ва аз он вақт бонки мазкур 44 лоиҳаи соҳаи тандурустӣ, маориф, энергетика ва кишоварзиро маблағгузорӣ намудааст.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Февраль 16, 2012 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад