Сафари консули генералии ҶТ ба вилояти Тюмен
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург Парвиз Асоев 15 – 16 феврал аз вилояти Тюмен дидан мекунад. Тавре дар дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Парвиз Асоев дар ҷараёни сафараш бо губернатори вилояти Тюмен ва роҳбарияти маъмурияти пойтахти он вомехӯрад. Ҳамчунин мулоқоти корӣ бо роҳбарияти раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати вилоят, раёсати ВКД Русия оид ба вилояти Тюмен ва гумруки он дар назар аст. Консули генералии Тоҷикистон бо намояндагони ҷамъияти тоҷикон дар вилояти Тюмен вомехӯрад. Маҷлиси вохӯрӣ бо дастгирии ташкилоти ҷамъиятии маркази фарҳангии «Пайванд» — и тоҷикон сурат мегирад. Ташкилоти мазкур соли 2008 ба манзури ҳифзу рушди фарҳанги тоҷикон, анъана ва урфу одат, омӯзиши забони тоҷикӣ, таҳким бахшидани робитаҳои байнимиллӣ, ҳамчунин барқарор намудани равобит бо тоҷикони муқими минтақаҳои дигари Русия дар ҳудуди вилоят таъсис ёфта буд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






