Сафари кории Ҳ.Зарифӣ ба Белгия

Февраль 28, 2012 11:43

Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар ҳошияи сафараш ба Брюссел 27 феврал бо муовини муншии умумии Хадамоти Аврупоии фаъолияти хориҷӣ Ҳелга Шмид сӯҳбат намуд. Мусоҳибон аз рӯи масъалаҳои амнияти минтақа табодули афкор намуданд.Худи ҳамон рӯз иҷлосияи Шӯрои оид ба ҳамкории байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳ.Зарифӣ иштирок дошт. Ҳайати Иттиҳоди Аврупоро вазири корҳои хориҷии Дания Вилли Совндал сарварӣ мекард. Қобили зикр аст, ки алҳол Дания раёсати Иттиҳоди Аврупоро ба ӯҳда дорад. Шӯрои ҳамкорӣ таҳти раёсати роҳбарони идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон сурат гирифт. Рӯзномаи ҷаласа иборат аз масъалаҳои татбиқи стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, масъалаҳои сиёсӣ, аз ҷумла ислоҳоти дохилӣ, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, масъалаҳои об ва муҳити зист, ҳамчунин проблемаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ буд. Ҷонибҳо дар ҷараёни ҷаласа вазъи рушди ҳамкории байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, дастовардҳо ва иқдомоти оянда ҷиҳати рушди муносибатҳоро муфассал муҳокима намуданд.Ҳамчунин ба самтҳои асосии ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаю барномаҳои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, вазъи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва масъалаҳои байналмилалӣ дахл карда шуд.Ҳайати Тоҷикистон таваҷҷӯҳи Иттиҳоди Аврупоро ба зарурати зудтар анҷом додани раванди гуфтушунид ҷиҳати ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ворид шудани ҷумҳурӣ ҷалб намуд. Дар анҷоми ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ бо иштироки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Дания нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Вазирон дар ҷараёни он аз натиҷаи иҷлосия изҳори қаноатмандӣ карда, иброз доштанд, ки ҷонибдори идома бахшидани ҳамкории самарабахш ва мутақобилан муфид мебошанд.27 феврал Ҳ.Зарифӣ дар Донишгоҳи муносибатҳои байналмилалии Аврупо — Академияи дипломатии Аврупо маърӯза кард. Вазир шунавандагон, аспирантҳо, ҳайати омӯзгорон, корпуси дипломатӣ, намояндагони олимансаби Иттиҳоди Аврупо ва НАТО – ро бо таърих, сохти давлатӣ, дигаргунсозиҳои демократӣ, бойигариҳои табиӣ, иқтидори гидроэнергетикӣ ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуд. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Февраль 28, 2012 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!