Сарвари давлат аз сафирони нав эътимоднома қабул намуд

Февраль 1, 2012 09:06

Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар»).-Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави Италия, Дания, Ирландия, Словакия, Литва, Эстония, Исроил ва Ветнам эътимоднома қабул намуд. Сафирони фавқулодда ва мухтори 8 давлат – Ҷумҳурии Италия Риккардо Манара, Шоҳигарии Дания ҷаноби Йенсен, Ирландия Филипп Мак Дона, Ҷумҳурии Словакия Юрай Сивачек, Ҷумҳурии Литва Рокас Бернотас, Ҷумҳурии Эстония Яан Хейн, Давлати Исроил Хилел Нюман ва Ветнам Ле Ман Луан ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои оғози фаъолияти дипломатиашон дар Тоҷикистон эътимоднома супурданд. Зимни суҳбат бо сафирон, ки 6 нафарашон аз кишварҳои аврупоиянд, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳавасмандии устувори Тоҷикистонро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои аъзои он таъкид намуд. Ба густариши муносибот бо давлати Исроил низ, аз ҷумла рушди робитаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ ва илму техника изҳори ҳавасмандӣ карда шуд. Бо ёдоварӣ аз фаъолияти босамари 9 корхонаи муштараки Ветнам дар Тоҷикистон ба дурнамои ҳамкорӣ бо ин кишвари минтақаи Осиёи ҷанубу шарқӣ баҳои баланд дода шуд. Зимни суҳбат, ҳамчунин доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва мавзўъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша карда шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Февраль 1, 2012 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!