Сатҳи муносиботи Тоҷикистону Ҷопон дар Душанбе баррасӣ шуд
Душанбе, 20 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ доир ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Ироюки Имохаширо бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт. Аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши равобити байнипарлумонӣ баррасӣ шуданд. Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон гуфт, ки раванди муносиботи кишварҳои Тоҷикистону Ҷопон дар сатҳи баланд қарор дорад ва тавсеаи ҳар чӣ бештари ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун байни кишварҳоямон барои муаррифии фарҳангу тамаддун мусоидат хоҳад кард. Дипломати ҷопонӣ сатҳи муносиботи гуногунсоҳаи Тоҷикистону Ҷопонро мусбат арзёбӣ намуда гуфт, ки зимни фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон тамоми нерӯи худро ҷиҳати тақвияти равобити ҳасана байни ду кишвар ба харҷ хоҳад дод.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






