Саъю талоши Бонки ҷаҳонӣ
Душанбе, 9 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаҳои тавсеаи ҳамкории иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар мулоқоти Сафаралӣ Раҷабов, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ Маҷид Албайъа, Лиза Миллер ва Дилшод Каримов дар Душанбе баррасӣ гардид. С. Раҷабов доир ба фаъолияти парлумони Тоҷикистон, қонуну санадҳое, ки дар бахши иқтисод ва молия қабул гардидаанд, маълумоти муфассал дод. Мавсуф афзуд, ки бо мақсади ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани низоми хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, фароҳам овардани шароити мусоид, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои довталабон ва инчунин баҳри пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар ин масъала бо иштирок ва кӯмаки бевоситаи Бонки ҷаҳонӣ моҳи марти соли 2006 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» қабул гардид ва ҷиҳати мутобиқ намудани он ба шартҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва такмили низоми хизмати давлатӣ ба он аз ҷониби вакилони парлумони кишвар тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ зикр намуданд, ки тамоми кӯшиш ва талоши худро барои ҳарчи зудтар ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва дар ин замина таъмини рушди устувори иқтисоди Тоҷикистон ба харҷ хоҳанд дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






