Ш. Зуҳуров хостори тақвияти фаъолияти Гурӯҳҳои дӯстии парлумон шуд

Февраль 13, 2012 12:07

Душанбе, 13 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори тақвияти ҳамкории Гурӯҳҳои дӯстии парлумони Тоҷикистон бо парлумонҳои кишварҳои хориҷӣ гардидааст. Мавсуф зимни баррасии масъалаҳои марбут ба таҳкими равобити байнипарлумонии Тоҷикистон бо парлумонҳои кишварҳои ҷаҳон 13 феврал дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон тақвияти равобити густурдаро таъкид кард. Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласаи Шӯро ба қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагон «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Парлумони Ҷумҳурии Арманистон, Ассамблеяи миллии Маҷлиси Шӯрои Ҷумҳурии Исломии Покистон, Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон, Верховная Радаи Украина, Маҷлиси Умумичиноии намояндагони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Палатаи намояндагони Парлумони Ҷопон » тағйирот ворид карда шуд. Аъзои Шӯро ҳамзамон таъсиси Гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Шоҳигарии Белгия, Парлумонҳои (Сейми) Латвия, Литва, Финляндия ва Муғулистонро муҳим арзёбӣ карданд. Дар ҷаласа ҳамзамон ба қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати Комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ба ҳайати Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё» тағйирот ворид карда шуд.

Февраль 13, 2012 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд