Шаҳрванди Тоҷикистон аз АМА ба ватан баргашт

Февраль 2, 2012 15:52

Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).-12 январи соли 2012 аз ҷониби Идораи полиси Аморати Шарҷа (Амороти Муттаҳидаи Араб) ду нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон — Шаҳбоз Каримов, соли таваллудаш 1992 ва Файзалӣ Қадриддинов, соли таваллудаш 1990, дастгир шуданд. Дар ин бора сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Назриев имрӯз зимни брифинги матбуотӣ ба журналистон хабар дод.Ӯ ҳамчунин афзуд, ки онҳо дар содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ, аз ҷумла дуздии ашёи қиматбаҳо аз дохили мошинҳо, хариду фурӯши ғайриқонунии машрубот, маводи нашъадор, садамаи нақлиётӣ бо кормандони полис ва зери хатар гузоштани ҳаёти кормандони полис гумонбар дониста шуда, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид. Дар рафти тафтишоти пешакии мурофиявӣ бо сабаби дар кирдорҳои Файзалӣ Қадриддинов мавҷуд набудани аломатҳои ҷиноят ӯ озод шуда, ба Тоҷикистон баргашт. Нисбат ба парвандаи шаҳрванд Шаҳбоз Каримов тафтишот идома дорад.Қазияи мазкур таҳти назорати доимии Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай қарор дорад.

Февраль 2, 2012 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд