Шароби ғайристандартӣ нобуд карда шуд
Хоруғ, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Нозироти андози шаҳри Хоруғ 600 шишаи арақи ғайристандартиро, ки зимни санҷиши муштарак мусодира гардида буд, дар ҳузури намояндагони додситонӣ, санитарию эпидемиологӣ ва ҷамъияти матлуботи вилоят нобуд сохт. Қобили зикр аст, ки чанд моҳи охир бар асари истеъмоли шароби худсоз чанде аз сокинони шаҳр заҳролуд гардида ва ҷони худро аз даст доданд. Ба гуфтаи табибон, баъзе аз машруботи спиртӣ дар шароити хона аз спирти шубҳанок тайёр карда мешавад, ки истемоли он барои инсон хатар дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






