Шиканҷа ҷиноят аст

Февраль 23, 2012 10:57

Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дирӯз дар маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (СК ҶТ) семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Механизмҳои байналмилалӣ ва миллии вобаста ба пешгирии ҳолатҳои шиканҷа» доир гардид. Дар кори семинар намояндагони Дастгоҳи иҷрояи Президенти ҶТ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Шӯрои адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Коллегияи адвокатҳо, намояндагони СММ ва дигар масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар фаъолияти худ ба ҳолатҳои пешгирии шиканҷа дучор мегарданд, иштирок намуданд. Дар семинар раиси Суди конститутсионӣ Маҳкам Маҳмудов ва мушовири давлатии Президенти ҶТ доир ба сиёсати ҳуқуқӣ Ҷ. Давлатов сухан гуфтанд. Сипас аз рӯи мавзӯи вобаста ба шиканҷа ва аҳамияти пешгирии он дар Тоҷикистон Ваколатдор доир ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ Зариф Ализода, мудири шӯъбаи ҳукуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Д. Муродов, сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари Прокуратураи генералии ҶТ М. Халифазода, муовини сардори шӯъбаи таъминоти ҳуқуқии ВКД ҶТ Б. Саидов, профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Т. Шарипов, мушовири ҳуқуқи инсони Дафтари мутобиқсозии СММ дар Тоҷикистон Лилия Захариевна ва Директори созмони ғайридавлатии Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон Сергей Романов маърӯза намуданд. Маърӯзачиён якдилона иброз доштанд, ки яке аз шаклҳои зоҳиршавии поймолкунии ҳукуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин истифодаи азобу шиканҷа, дигар намудҳои муомила ва ҷазои бераҳмона ва ғайриинсонии таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсонӣ мебошад, ки бояд пешгирӣ шавад ва онҳое, ки дар кори худ аз ин шакли зӯроварӣ истифода намуда, маълумот ба даст меоранд, чун ҷинояткор эътироф карда шуда, маълумоти бо ин роҳ ба дастовардашуда ғайриқонунӣ дониста шавад. Дар назар аст, ки чунин семинарҳои омӯзишӣ дар тамоми вазорату идора ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ баргузор гарданд.

Февраль 23, 2012 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!