Сифати намоиши барномаҳо беҳтар мегардад
Хоруғ, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Сокинони деҳаи Бидуни ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ акнун метавонанд дар баробари барномаҳои шабакаи аввали телевизиони ҷумҳурӣ ва Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» барномаҳои шабакаҳои телевизионии «Ҷаҳоннамо» ва «Баҳористон» — ро ҳам тамошо кунанд. Мутахассисони маркази интиқоли мавҷҳои телевизион ва радиои вилоят дар ин ҷо насби чор дастгоҳи паҳнкунандаи мавҷҳои телевизион ва радиоро анҷом доданд.Тавре директори марказ Наврӯзбек Ниёзмамадов зимни сӯҳбат иброз дошт, акнун сифати намоиши ҳамаи шабакаҳои телевизиони ҷумҳурӣ дар қаламрави вилоят хеле беҳтар мегардад. Хотирнишон месозем, ки дар асоси барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар ҷумҳурӣ аз 6 феврали соли равон пахши барномаҳои ҳамаи шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ бо таҷҳизоти рақамӣ сурат мегирад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






