«Созандагони Ватан» бо сарбозони Ватан аст

Февраль 22, 2012 16:06

Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).– Имрӯз бахшида ба 19-умин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар қисми низомии №08010-и нерӯҳои хушкигарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маркази таълимии Вазорати мудофиаи мамлакат маҳсуб меёбад, маҳфили идона доир гардид.Дар он роҳбарияти ташкилоти «Созандагони Ватан», намояндагон аз нерӯҳои хушкигарди Вазорати мудофиа, собиқадорони соҳа ва волидайни сарбозон ширкат варзиданд. Меҳмонон вобаста ба таъсис ва фаъолияти Қувваҳои мусаллаҳ, саҳми он дар пойдории Истиқлолияти давлатӣ, ҷалби ҷавонон ба сафҳои Артиши миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ифтихор аз ватандорӣ сухан карда, сарбозонро ба иттиҳоду ягонагӣ ва созандагиву бунёдкорӣ даъват намуданд.Сипас ба хизматчиёну сарбозони пешқадам тӯҳфаҳои ташкилоти «Созандагони Ватан», аз қабили дастгоҳи DVD, мӯйпасткунак ва дарзмол супорида шуд.Барои хотири болидаи сарбозон аз ҷониби ихтиёриёну фаъолони «Созандагони Ватан» барномаи фарҳангӣ доир гардид.

Февраль 22, 2012 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд