«Созандагони Ватан» шабакаи иҷтимоӣ таъсис медиҳад
Душанбе, 29 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва намояндагии он дар шаҳри Душанбе бахшида ба 20-умин солгарди узви Созмони милали муттаҳид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон махфил доир гардид. Дар он донишҷӯёни донишгоҳ ва роҳбарияти ташкилот ширкат варзиданд.Адҳам Мирсаидов, раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» перомуни таърихи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эътирофи он аз ҷониби давлатҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ, махсусан узви СММ шудани Тоҷикистон ва нисбат ба мавқеи кунунии Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ ибрози назар намуд. Аз ҷумла таъкид намуд, ки 2 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи СММ эътироф гардид ва ин дар мавқеи минбаъдаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳимро касб намуд.Доир ба фаъолияти ташкилот, ҳадафу мақсад ва нақшаҳои минбаъдаи он Тоҳир Раупов, роҳбари намояндагии «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе ва Фирӯз Табаров, роҳбари намояндагии «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Фирдавсӣ баромад карданд. Сипас байни донишҷӯён ва намояндагони ташкилоти мазкур сӯҳбати ошкоро доир гардида, ҷавонон омодагии худро дар татбиқи барномаҳои ташкилот ва пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат иброз намуданд. Бо назардошти он, ки донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз раванди технологияи инноватсионӣ бархурдор мебошанд, ҳозирин ба хулоса омаданд, ки дар ҳамкорӣ бо созмони «Созандагони Ватан» дар рӯзҳои наздик шабакаи иҷтимоии тоҷикиро таҳия намуда, бо ин василаи муосири таблиғотӣ барои муттаҳидии ҷавонони тоҷик, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар саҳм хоҳанд гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






