Созишномаҳои нави молиявӣ
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховр», Лаззат Диловарзод).- Дар асоси як тавофуқномаи байниҳукуматие, ки чанде пештар дар шаҳри Бонн миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Олмон ҳосил шуда буд, созишномаҳои молиявӣ ба имзо расид.Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ вазорати мазкур дар ҳаҷми 4,5 млн. евро бо ташкилоти хурди молиявии «Ҳумо», «Оксус», «Арванд» ва «Феникс +»- и давлати Олмон созишнома ба имзо расонид.Бино ба иттилои манбаъ, Ҳукумати Олмон ин кӯмаки молиявиро барои Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Рушди низоми молиявӣ дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон» ҷудо намудааст. Барнома бо мақсади рушди мунтазами бахши хурди молиявӣ тавассути дастгирии муассисаҳои хурд ва миёнаи молиявӣ роҳандозӣ гардидааст. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳадафи татбиқи лоиҳаро дар беҳбуд бахшидан ба дастрасии захираҳои молиявӣ дар деҳоти Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






