Суқути чархбол дар Афғонистон
Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Назар ба хабари Вазорати мудофиаи ҶТ, 11 феврали соли равон соати 11 ва 30 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар ҳудуди вилояти Зобули Афғонистон чархболи тамғаи МИ — 8 МТВ мутааллиқ ба ҳайати қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоии Вазорати мудофиаи ҶТ ба замин афтид.Мувофиқи суханони манбаъ, дар натиҷаи ин фалокат 4 нафар аъзои экипаж – шаҳрвандони ҶТ ҳалок гардиданд.Чархболи зикршуда аз моҳи майи соли 2011 дар ҳайати қувваҳои байналмилалии мусоидат ба амният барои аҳолии минтақаҳои душворгузар озуқа, об ва дору мебурд. Дар ҳоли ҳозир сабабҳои дучори фалокат гардидани чархбол ошкор карда мешавад. Маълум шуд, ки дар аснои рух додани фалокат тундбод вазида, барфи шадид меборид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






