Сўҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Дмитрий Медведев
Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар»). — 25 феврал дар нимаи дуввуми рўз бо ташаббуси ҷониби Россия гуфтугўи телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев доир гардид.Сарони ду давлат доираи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи байни кишварҳояшон ва дурнамои рушди онҳоро дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ мавриди муҳокима қарор доданд. Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои доғи рўзи байналмилалии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мубодилаи афкор анҷом доданд. Вобаста ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Россия ба ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои минтақавӣ таваҷҷўҳ зоҳир карда, зарурати дар минбаъда ҳам ҳамоҳанг сохтани саъйю талошҳои ҷонибҳоро дар ин самт таъкид намуданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






