Тӯй дар Наврӯз
Душанбе, 3 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди Имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар шаҳри Ваҳдат маросими тӯйи арӯсии сад ҷуфт ҷавонро баргузор намояд. Ин ҷавонон аз оилаҳои ниёзманди ноҳияҳои тобеи марказ буда, ба онҳо ҳамзамон ҷиҳози рӯзгор тақдим карда мешавад. Баргузории тӯйи арӯсии ҷавонон дар Тоҷикистон аз ҷониби намояндагии Кумитаи мазкур дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Эрон ба роҳ монда шудааст, ки он зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон ва дидору мулоқоташ бо собиқ раиси кулли Кумитаи имдоди имом Хумайнии Эрон Сайидризо Наирӣ тарҳрезӣ гашта буд. -Ҳадаф аз баргузории тӯйҳои дастаҷамъона кӯмак ба оилаҳои камбизоат ва беҳтар сохтани вазъи иҷтимоии онҳо буда, ҷиҳати камхарҷу хоксорона баргузор намудани тӯйҳо мусоидат менамояд,- мегӯяд роҳбари намояндагии Кумитаи имдод дар Тоҷикистон Сайидҷаводи Разавӣ. Мавсуф афзуд, ки аз ҷониби намояндагии Кумитаи имдод дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти марбутаи шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногун, ба мисли Хатлону Суғд, Рашт ва шаҳри Душанбе дар зарфи панҷ соли охир ҷашни издивоҷи 1000 ҷуфт ҷавон барпо карда шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






