Тақдими ҷоизаи Русия ба донишманди шинохта

Февраль 14, 2012 16:08

Душанюе, 14 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Китоби донишманди шинохтаи эронӣ Ҳуҷҷатуллоҳ Аюбӣ «Сиёсатгузории фарҳангӣ дар Фаронса:давлат ва ҳунар» аз сӯи Муассисаи таҳқиқоти сиёсӣ ва иҷтимоии минтақаи Черноморск ва Қафқози Русия барандаи ҷоизаи адабии байналмилалии Лермонтов гардид. Ин ҷоиза ,ки дар соли 2003 ба муносибати 200- солагии Михаил Лермонтов(1795-1817), шоири шаҳири рус аз сӯи Анҷумани «Мероси Лермонтов» таъсис гардидааст, ҳамасола бо раъйи доварон аз кишварҳои Фаронса, Амрико, Бразилия, Русия ва Шветсия ба чеҳраҳои фарҳангии ҷаҳон, ки дар бахши адабиёт, мусиқӣ ва ҳунарҳои таҷассумӣ дастовардҳо доштаанд, тақдим мегардад.  Доктор Аюбӣ, ки ҳамзамон роҳбари муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ /ЭКО/ аст, муаллифи китоби ҷолиби «Сиёсатгузории фарҳангӣ дар Фаронса: давлат ва ҳунар» мебошад. Ин китоб таърихи комили шаклгирии фарҳанг ва дар маҷмӯъ масири фарҳангу ҳунар дар Фаронсаро мавриди баррасӣ қарор додааст. Бо таваҷҷӯҳ ба аҳамияти китоби мазкур, ки чанде пеш дар Тоҷикистон ба ҳуруфи кириллӣ баргардон шуд, кумитаи ҷоизаи Лермонтов дар Русия нишони нуқраии Лермонтовро ба эшон эъто менамояд. Назар ба иттилои коршиноси бахши фарҳангии ЭКО Шоҳмансури Шоҳмирзо, Муассисаи таҳқиқоти сиёсӣ ва иҷтимоии минтақаи Черноморск ва Қафқози Русия бо таваҷҷӯҳ ба нақши доктор Аюбӣ дар заминаи густариши фарҳангу ҳунар эшонро ба нишони «Барои сулҳ ва инсондӯстӣ дар Қафқоз» сазовор медонад.

Февраль 14, 2012 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст