Таҳдиди сармо ба паррандагон
Турсунзода, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Тавре ки сардори шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода Исломиддин Солиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар байни тамоми хонандагони мактабҳо, омӯзишгоҳҳо ва сокинони шаҳри Турсунзода корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба ҳифзи муҳити зист, ғамхорӣ нисбат ба паррандагону ҳайвонҳои ваҳшӣ идома дорад, зеро бинобар сабаби ниҳоят сард омадани зимистони имсола ҳам паррандагон ва ҳам дигар ҳайвонҳои ваҳшӣ мӯҳтоҷи ғамхорию раҳмдилии инсон гардиданд. Тавре ки ӯ афзуд, дар ин бора фармоиши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз фасли зимистон беталаф баровардани ҳайвоноти ваҳшӣ ва паррандаҳо» дастрас аст.Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода аксияҳоро таҳти унвони «Ҳифзи паррандагон ва ҳайвонҳои ваҳшӣ» баргузор намуд. Дар рафти баргузории аксияҳо иштирокчиён ба он мавзеъҳое, ки бештар паррандагону ҳайвонот сукунат доранд, рафта он ҷо маводи дону хӯрока рехтанд, то ҷонварон тавонанд бемушкилӣ онҳоро пайдо намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






