Таҳия ва пешбурди сохтори устувор дар тарбияи рӯҳияи соҳибкорӣ

Февраль 10, 2012 16:33

Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Масъалаи таҳия ва пешбурди сохтори устувор ҷиҳати тарбияи мутахассисон дар рӯҳияи соҳибкорӣ дар заминаи стандартҳои байналмилалӣ зимни вохӯрии муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Умед Давлатзод бо роҳбари лоиҳаи Комиссияи Аврупоии «Таҳия ва пешбурди сохтори устувор доир ба тарбияи рӯҳияи соҳибкорӣ дар Русия ва Тоҷикистон» Ҷозеф Афф мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти вазорати мазкур иттилоъ доданд, ки дар рафти мулоқот ҷонибҳо инчунин перомуни баланд бардоштани савияи кадрҳои омӯзгорӣ, омода намудани омӯзгорони бахши иқтисод ва дар синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ роҳандозии интихоби касби дорои равияи иқтисодӣ табодули назар карданд. У. Давлатзод изҳор намуд, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар ин самт ва татбиқи босамари онҳо бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо ҳамеша омода аст. Бояд қайд намуд, ки иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи мазкур аз ҷониби Комиссияи махсуси Иттиҳоди Аврупо мутобиқи интихоби озмунӣ аз байни давлатҳои Осиёи Марказӣ маъқул дониста шудааст.

Февраль 10, 2012 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд