Таҷҳизоти нави чопӣ

Февраль 16, 2012 14:47

Конибодом, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», М.Амонов). – Дар матбааи давлатии ба номи Набӣ Фахрии шаҳри Конибодом дастгоҳи муосири чопи офсетии сохти Чехия васлу насб гардид. Ин дастгоҳ «Доминат – 725» ном дошта, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом аз ҳисоби маблағҳои фоидаи корхона ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ харида шудааст.Иқтидори чопии он 10 ҳазор нусха дар як соат мебошад. Алҳол бо васлу насби таҷҳизоти нав имконият пайдо шуд, ки нашрияи «Садои Конибодом», ҳамчунин дигар рӯзномаю нашрияҳо, дастуру варақаҳо низ чоп шаванд.

Февраль 16, 2012 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад