Табрикномаи Эмомалӣ Раҳмон унвонии Саули Вяйнямё Нийнистё
Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Президенти Ҷумҳурии Финляндия интихоб шудани ҷаноби Саули Вяйнямё Нийнистё унвонии ӯ табрикнома ирсол намуд. Сарвари давлати Тоҷикистон ба Президенти навинтихоби Финляндия дар фаъолияташ дар ин мансаби олӣ муваффақиятҳо орзӯ намуда, аҳамияти дидани чораҳои муштаракро барои густариши ҳамкории байни Тоҷикистону Финляндия қайд намуд. Ҳамчунин дар табрикнома хусусияти тағйирнопазири муносибатҳои дӯстии самимона ва ҳусни илтифоти мутақобила, ки дар давраи баъди барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ ба миён омадаасту 26 феврали соли равон аз рӯзи барқароршавии онҳо 20 сол сипарӣ мегардад, бо камоли қаноатмандӣ қайд карда мешавад.Президенти Тоҷикистон дар табрикнома ба ҷонибдории идомаи муколамаи судманди байни ду кишвар, аз ҷумла, дар сатҳи олимақом, ҷиҳати ба рушди шаклҳои мухталифи ҳамкории мутақобилан муфиди Тоҷикистону Финляндия бахшидани суръати бештар изҳори ақида намуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






