Таълим муваққатан қатъ гардид
Душанбе, 6 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Аз 6 то 10 феврали соли 2012 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ муваққатан таътил эълон карда шуда, ҷараёни таълим қатъ гардид. Сабаби ин бориши барф, сардии аз ҳад зиёди ҳаво дар ҷумҳурӣ ва аз асосӣ- таъмини ҳифзи саломатии мактаббачагон мебошад,- мегӯяд Сиддиқ Муборак, сардори маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ. Таътили муваққатӣ ба донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва тарбиятгирандагони боғчаҳои бачагона дахл надорад, яъне онҳо бо таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Мавсуф афзуд, ки минбаъд ҷиҳати таъмини иҷрои барномаҳои таълимӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ҷумҳурӣ барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ рӯзҳои шанбе дарс ва барои хонандагони синфҳои аз 5 то 11 дарсҳои иловагӣ ташкил карда мешаванд. Алҳол дар ҷумҳурӣ 3 ҳазору 793 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, дар он 1 миллиону 703 ҳазор талаба ба таҳсил фаро гирифта шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






