Таъмин бо нерӯи барқи ватанӣ

Февраль 8, 2012 11:57

Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёти вилояти Суғд бо барқ ҷиҳати пайвасти саривақтии вилоят, бахусус ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент ва Кӯҳистони Мастчоҳ ба системаи ягонаи энергетикии кишвар татбиқи лоиҳаи «Хати интиқоли барқи 220 кВт Хуҷанд-Айнӣ»-ро дар якҷоягӣ бо ширкати «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин таъмин намуд. Ҳаҷми умумии маблағи лоиҳа 36,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуда, сохтмони иншооти мазкур 10 октябри соли 2010 оғоз ёфт ва 26-уми сетябри соли 2011 пеш аз мӯҳлат сохта шуда, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Тибқи нақша ва супориши Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони зеристгоҳи барқии «Дилварзин (Бӯстон) 220/110/10 кВ» дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд моҳи декабри соли 2009 оғоз гардида, навбати якум ва дуюми он бо автотрансформаторҳои АДТНЦ-63000 кВА ва АТДТГН-32000 кВА дар моҳи июли соли 2011 пурра ба анҷом расида, мавриди истифода қарор гирифт. Дар иншооти хати интиқоли барқи 220 кВ «Қайроққум-Ашт» аз тарафи консорсиуми ширкати Fichtner GmbH&Co.KG (Олмон) дар якҷоягӣ бо TEPSCO (Tokio Elektric Power Servies Co. lid Ҷопон), ки санаи 02.06. соли 2011 ғолиби тендер дониста шуд, корҳои омӯзишӣ оғоз гардидаанд. Маблағгузори лоиҳа Бонки Рушди Осиё мебошад. Инчунин барои хати интиқоли барқии 110 кВ «Конибодом-Ашт» корҳои тадқиқотӣ оғоз гардиданд. Татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ дар вилояти Суғд имкон хоҳад дод, ки соҳаҳои иқтисодӣ рушд намуда ва фаъолияти корхонаву муассисаҳои вилоят бештар вусъат ёбанд.

Февраль 8, 2012 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт