Тарҳрезии лоиҳаи нав
Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Бюрои оид ба ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсон бо мусоидати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ лоиҳаи фаъолияти иҷтимоию иқтисодии занони хонаводаҳои муҳоҷирони Тоҷикистонро тарҳрезӣ намуд.Лоиҳаи мазкур дар ҷараёни мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ЧТ Сафиалло Девонаев ва намояндагони Бюрои САҲА оид ба ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсон мавриди баррасӣ қарор гирифт.Дар чаҳорчӯбаи лоиҳа моҳи июни соли равон барои ҷустуҷӯи роҳҳои расонидани кӯмак ба заноне, ки аҳли хонаводаҳояшон зери таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, бояд силсилаи мизҳои мудаввар доир карда шавад.Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, баъди доир намудани мизҳои мудаввар лоиҳа мазкур ҷиҳати баррасӣ ба ҳукумати кишвар пешниҳод карда мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






