Ташаббуси наҷиб
Рашт, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», М.Ризвонов). – Яке аз мушкилоте, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар хориҷи кишвар ба он дучор мегарданд, аз надоштани тахассуси бинокорӣ мебошад. Ба хотири то андозае ҳал намудани ин масъала аз тарафи Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони сохтмон ва саноати масолеҳи бинокории ҷумҳурӣ дар назди омӯзишгоҳи касбию техникии №61-и ноҳияи Рашт курси семоҳаи омӯзишӣ аз рӯи ихтисосҳои кафшергар ва бинокор кушода шудааст.Айни ҳол 60 нафар хоҳишманд ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо шароит барои машғулият ва таҷҳизоти зарурӣ муҳайё карда шудааст.Устоҳои таълими истеҳсолӣ М.Мӯсоев ва М. Додов кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки мутахассисони соҳибкасби соҳаи сохтмонро тайёр намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






