Ташкили анҷуманҳои тиҷоратӣ ва иқтисодиву сармоягузорӣ

Февраль 3, 2012 11:22

Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). -Зимни мулоқоти раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ветнам дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон Ле Ман Люан масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқисодиву сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  Дар рафти мулоқот раиси кумита доир ба воқеияти фазои сармоягузорӣ ва татбиқи ислоҳот аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин доир ба имконият ва иқтидорҳои иқтисодиву сармоягузории мамлакат, соҳаҳои эҳтимолӣ ва судманд барои ҷалби сармоягузорӣ маълумот дода, маълумотномаи мавриди назарро ба ӯ тақдим намуд. Д. Саидов қайд кард, ки байни ҳарду давлат бо назардошти имзои созишнома перомуни ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ дар соли 1999 заминаи мусоиди ҳуқуқӣ муҳайё гашт ва имконияти зиёди ҳамкориҳо байни давлатҳои мо мавҷуданд, вале, мутаассифона, тибқи маълумоти оморӣ гардиши мол байни ду давлат хеле кам аст. Дар навбати худ, ҷаноби Ле Ман Люан ҳавасмандии хукумати Ветнамро доир ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба изҳор намуда, мунтазам перомуни татбиқи чорабиниҳои воқеӣ барои огоҳии доираҳои соҳибкориву тиҷоратии ҳарду давлат аз фазо, иқтидор ва имкониятҳои иқтисодиву сармоягузории мамлакатҳои мо таклиф пешниҳод намуд. Раиси кумита пешниҳоди Сафирро тарафдорӣ намуда, масъалаи ташкили анҷуманҳои тиҷоратӣ ва иқтисодиву сармоягузорӣ ва ҷалби соҳибкорону сармоягузорони ҳарду давлатро ба миён гузошт.

Февраль 3, 2012 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад