Ташвиши экологҳо аз таъсири масъалаҳои фаромарзӣ
Душанбе, 17 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). –«Муҳити зист марзро намеписандад», зикр карданд вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат зимни баргузории ҷаласаи Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагон. Вале имрӯз таъсири фаромарзии давлатҳо ба ҳамдигар ба мавзӯи мубрами рӯз табдил гаштааст, ки масъалаи истифодаи об далели гуфтаҳост. Зикр шуд, ки дар шароити нави муносибатҳои иқтисодӣ, ба моҳияти захираҳои об ва иншооти бузурги гидротехникии комплекси хоҷагии об, ки нигоҳдории онҳо қаблан аз буҷаи давлати Шӯравӣ маблағгузорӣ мегашт ва имрӯз ин бори гарон пурра бар дӯши Тоҷикистон аст, бо диди нав бояд назар кард, ки ин омӯзиш ва таҳлилро мехоҳад. Дар робита ба ин парлумон ба ниҳодҳои марбутаи кишвар- Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об, Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дастур дод, то ҷиҳати ҷилавгирии ҳар гуна тӯҳмату бӯҳтон ва маълумоти ғаразнок системаи мониторинги муҳити зистро барқарор намуда, онро бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонанд. Таъкид гардид, ки дар минтақаҳои наздисарҳадии кишвар бо мақсади муайян намудани таъсири фаромарзӣ ба муҳити зисти Тоҷикистон чунин мониторинг зарур аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






