Таъсиси гурӯҳи корӣ

Февраль 11, 2012 10:43

Хоруғ, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Бо ибтикори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки сарпарастии онро раис ва муовинони раиси ноҳия ба ӯҳда доранд. Ба ҳайати гурӯҳи корӣ иқтисоддонҳо, кормандони идораҳои фарҳангу маориф, коркунони масъули мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шомиланд.Аъзои гурӯҳи корӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот аз натиҷаи бурду бохти фаъолият дар соли 2011 ба мардум ахборот дода, аз нақшаҳои соли 2012 ҳарф мезананд. Ҳайати гурӯҳи корӣ зимни вохӯриҳо аз аҳамияти таҷлили 20 – умин солгарди Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ва 15 – умин солгарди Ваҳдати миллӣ сухан меронанд.

Февраль 11, 2012 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад