Теодор Алерс: «Ояндаи ҷумҳурии шумо фарзандони шумоянд»
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо Теодор Алерс ва Директори нави минтақавии ин бонк оид ба давлатҳои Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷа мулоқот намуд.Пас аз мулоқот Теодор Алерс андешаҳояшро ба хабарнигорони ВАО иброз дошта, аз ҷумла гуфт: «Мо бо ҷаноби Президент дар айни замон вохӯрии хеле судманд доштем ва зимни вохӯрӣ ҳамкориҳои байни Бонки ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Мо ҳамроҳ бо ҷаноби Сароҷ Кумар Ҷа, ки директори нави минтақавии ин бонк доир ба давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад, барои бурдани корҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ масъулем. Ҳамчунин мо зимни вохӯрӣ аз имконияти худ истифода намуда, шарҳи мухтасари корҳоеро, ки Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад, пешниҳод намудем». Ҳамчунин мавсуф афзуд: «Бонки ҷаҳони Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Дар айни замон аз ҷониби бонки мо сармоягузории 14 лоиҳаи гуногун татбиқ гашта истодааст. Ҳаҷми маблағгузории 14 лоиҳа аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ 190 миллион долларро ташкил медиҳад. Ин лоиҳаҳо ба се бахш нигаронида шудаанд: аз се як ҳиссаи маблағгузорӣ барои рушди бахшҳои маориф, тандурустӣ ва иҷтимоӣ сарф мегардад, зеро ояндаи ҷумҳурии шумо фарзандони шумоянд. Аз се як ҳиссаи дигари маблағгузорӣ барои рушди кишоварзӣ ва ҳиссаи охирини ин маблағгузорӣ барои рушди энергетика равона мегардад».Дар маҷмӯъ асоси маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ барои рушди соҳаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ ва энергетика равона гардидааст,- таъкид намуд Теодор Алерс.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






