Тирпарронӣ миёни дастаҳои сохторҳои низомӣ
Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло).–Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бахшида ба 19-умин солгарди Рӯзи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 19 феврали соли равон дар бошишгоҳи ҷумҳуриявии Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мудофиаи «Мададгор» — и Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи тирпарронӣ миёни дастаҳои 6 нафараи сарбозон аз ҷузъу томи сохторҳои низомӣ сурат гирифт. Дар чорабинӣ 8 даста иштирок намуд. Ҳар як вазорат ва идораи қудратӣ аз ҳар қушӯн як дастаӣ ба мусобиқа пешниҳод намуданд.Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Муинова иштирокчиёни чорабинӣ ва дар симои онҳо тамоми ҳимоятгарони ватанро бо ин ҷашн табрик гуфта, дар хизмати пурмасъулият ба онҳо бурдбориҳо таманно кард.Дар ҷамъбаст ҷои аввалро сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, ҷои дуввумро ҳайати қушӯнҳои зудамали Вазорати мудофиа ва ҷои саввумро қисми низомии 2611- и Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






