Тоҷикистон бо қалби Аврупо пайванд мегардад

Февраль 1, 2012 16:45

Душанбе, 1 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда бо Люксембург хатти мустақими парвозро тавассути ширкатҳои ҳавонавардии ватанӣ роҳандозӣ хоҳад кард. Дар ин бора 1 феврали соли 2012 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон-Маҷлиси намояндагон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Герсогии Бузурги Люксембург доир ба алоқаи ҳавоиро тасдиқ намуд. Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти ҷумҳурӣ зимни тавзеҳи санади мазкур дар назди вакилони парлумон гуфт, ки ҳадафи Созишнома ривоҷи равобити нақлиёти кишвар аз ҳисоби васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкатҳои ватанӣ ва таҳкими ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистон дар бозори хизматрасонии алоқаи ҳавоӣ мебошад. Созишнома моҳи июни соли 2011 дар Люксембург аз ҷониби Хукуматҳои Тоҷикистону Люксембург ба имзо расидааст. Дар сурати аз сӯи парлумони кишвар ба тасвиб расидани санад он ҷиҳати татбиқи яке аз ҳадафҳои муҳиму стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон- аз бумбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар мусоидат менамояд. Назар ба иттилои вазири нақлиёти ҷумҳурӣ, дар мавриди таъмини алоқаи наклиёти ҳавоӣ алҳол Тоҷикистон бо 17 давлати хориҷи дуру наздик созишнома ба имзо расонида, расмиёти дохилидавлатии тасдиқкунии онҳо низ гузаронида шудааст. Инчунин 12 лоиҳаи созишнома перомуни ҳамлу нақли ҳавоӣ ба тасвиб расида, дар ҷараёни баррасии ҷонибҳо қарор дорад. Созишномаи мазкур барои густариши муносибатҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистону Люксембург, хусусан дар мавриди рушди ҳамкории алоқаи ҳавоӣ заминаи мусоидро фароҳам меорад. Васеъ намудани робитаҳои мустақим тавассути нақлиёти ҳавоӣ бо кишварҳои Аврупо, ки дорои иқтисодиёти пешрафтаанд, ба рушди соҳаи туризм дар Тоҷикистон мусоидат намуда, ҳамзамон ба кам гардидани хароҷоти нақлиётӣ ҳангоми сафарҳои хусусӣ ва хизматӣ, ки бештар тавассути қаламрави кишвари дуюм ва сеюм ба Аврупо сурат мегирад, замина мегузорад. Инчунин бо ифтитоҳи хаттҳои мустақими парвоз барои интиқолдиҳандагони ватанӣ- ширкатҳои ҳавопаймоӣ имконият пайдо мегардад, ки аз тариқи Люксембург парвозҳои хешро ба дигар кишварҳо ба роҳ монанд.

Февраль 1, 2012 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!