Тоҷикистон муборизаро алайҳи шиканҷа пурзӯр мекунад

Февраль 29, 2012 15:16

Душанбе, 29 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон як моддаи нав, моддаи 143 бо эзоҳи 1-уми он бо номи «шиканҷа» ворид карда шуд, ки он аз иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони мамлакат дар мавриди пойдории адолат, ҳифзи ҳуқуқ ва шаъну шарафи инсон шаҳодат медиҳад. 29 феврал вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баъд аз муҳокима қабул намуданд. Шерхон Салимзода, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ташреҳи лоиҳаи қонуни зикршуда гуфт, ки мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои таъмини ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки аз Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф, ки дар асоси резолютсияи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ аз 10 декабри соли 1984 қабул гардидааст, бармеояд. Инчунин лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади татбиқи тавсияҳои Кумитаи мубориза бар зидди шиканҷаи СММ дар бобати мутобиқ гардонидани Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 1-уми Конвенсияи зидди шиканҷа ва нақшаи чорабиниҳо доир ба иҷрои тавсияҳои асосии ФАТФ ҷиҳати мубориза ба муқобили қонунигардонии даромадҳо ва маблағгузории терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст. Прокурори генералии ҷумҳурӣ афзуд, ки Ҳукумат ва ҷомеаи Тоҷикистон доир ба ошкор ва аз байн бурдани шиканҷа тамоми тадбирҳоро андешида истодааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии пешгирии шиканҷа созмон дода шуда, муҳимтарин санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалие, ки дорои меъёрҳои зиддишиканҷаанд, аз ҷумла Эъломияи ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналмилалии ҳуқуқҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз соли 1966, Конвенсияи СММ алайҳи шиканҷа ва дигар намуди муносибатҳо, ҷазодиҳии бераҳмона, ғайриинсонӣ ва ё таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсонӣ аз 10 декабри соли 1984 ва дигар санадҳои байналмилалӣ ба тасвиб расонидаанд. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи шиканҷа ва дигар шакли муносибат ва ҷазодиҳии бераҳмона ва ғайринсониро бо таҳдиди ҷазои ҷиноятӣ манъ намудааст. Шерхон Салимзода афзуд, ки дар соли 2010 ба мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ 48 ариза ва дар соли 2011-ум 26 ариза доир ба истифодаи усулҳои норавои тафтишот, азобу уқубат, шиканҷа ва дигар намудҳои муомилаи бераҳмона аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ворид гардидааст. Соли 2010 дар 13 ҳолат ва соли 2011 дар 5 ҳолат арзу шикояти овардашуда тасдиқи худро ёфтанд ва нисбат ба гуноҳкорон парвандаҳои ҷиноятӣ боз карда шуда, онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Прокурори генералӣ гуфт: мафҳуме, ки дар моддаи 143 ва эзоҳи шумораи 1-и он дар мавриди шиканҷа баён шудааст, пурра ба талаботи моддаи 1-и Конвенсияи СММ алайҳи шиканҷа мутобиқ буда, муҷозоти дар он пешбинишуда ба вазнинии кирдорҳо мувофиқат мекунад. Бояд тазаккур дод, ки парлумони Тоҷикистон дар ҳоле ба Кодекси ҷиноятии кишвар тағйирот ворид намуд, ки аз 10 то 17 марти соли равон дар шаҳри Женеваи Швейтсария ҷаласаи 19-уми Шӯрои СММ доир ба ҳуқуқи инсон, инчунин муҳокимаи маърӯзаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба шиканҷа дар Кумитаи СММ доир ба шиканҷа доир мешавад.

Февраль 29, 2012 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад