Тоҷикистон Урдунро ба конфронси байналмилалӣ даъват намуд
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев номаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Афғонистонро унвонии вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Ҳошимитии Урдун Н. Ҷавду дар мавриди иштирок дар кори Конфронси панҷуми байналмилалӣ оид ба ҳамкории иқтисодии минтақавӣ аз рӯи масъалаи Афғонистон ба Сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Ҳошимитии Урдун дар Федератсияи Русия Аҳмад ал – Ҳасан супурд. Тавре ки аз дафтари матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, А.Достиев дар ҷараёни мулоқот ба ҳамтои урдунии худ аз хусуси доир намудани Конфронси панҷуми байналмилалӣ оид ба ҳамкории иқтисодии минтақавӣ аз рӯи вазъияти Афғонистон, ки 26 — 27 март дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, хабар дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






